ABNA24 : Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Нурсултон Назарбоев ин матлабро дрдидор бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия унвон кард.
Назарбоев таъкид кард, ман муътақидам, ки пайвастани Тоҷикистон ва Узбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авуорсиё ба нафъи ин ду кишвар ва дигар аъзои ин созмон хоҳад буд. Зеро зарурати густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои минтақа иқтизо мекунад, ки Душанбе ва Тошканд ба тадриҷ вориди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шаванд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон аз соли 2016 ба дархости Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мегӯянд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯ мебошад ва дар ин маврид бояд таҷрибаи дигар кишварҳоро биомӯзанд ва дар ин раванд шитоб нахоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.
342/